Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 13:38

Сокини шаҳри Норакро бо ҷурми куштори модараш пушти панҷра бурданд

11 июл 2012, 12:20

Дар пайи амалиёти кормандони милиса дар шаҳри Норак  Жук Николайи 23 сола, бо ҷурми куштори модараш дастгир карда шуд.

Тавре ба Озодагон аз ВКД хабар доданд, зимни амалиёт муайян карда шуд, ки Жук Николай 23 сола, сокини кӯчаи Свердлови шаҳри Норак рӯзи 9-уми июни соли равон дар хонаи истиқоматиашон дар ҳолати мастӣ бо модараш Федина Татяна Анатолевна 58 сола, ҷангу ҷанҷол намуда, бо корди ошхона як маротиба ба қафаси синааш мезанад, ки номбурда аз ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштааш дар беморхона ба ҳалокат мерасад.
Феълан нисбати Жук Николай парвандаи ҷиноӣ боз гардида тафтишот идома дорад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!