Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 13:36

2011-05-05 10:14

5 май 2011, 05:14

«Тоҷиктелеком» ба маблағи 3987 сомонӣ зарари молӣ дидааст. Бино ба қавли вазорати умури дохила,

аз филиали ин ширкат 5-метр ноқили гаронарзиши тамғаи ТПП дуздида шудааст. Афроди номаълум ба таври пинҳонӣ ба болои боми «Ваҳдат»-и шаҳри Қӯрғонтеппа  баромада сими телефонро ғорат кардаанд. Пас аз баргузории амалиёти вижаи кормандони раёсати фаврӣ-ҷустуҷӯии вазорати дохила шаҳрванд Ғолиб Умарови 23-сола, сокини ҷамоати Чамоғулиёни ноҳияи Темурмалик бо д алели шайъӣ боздошт гардид. Тафтишоти қазия феълан идома дорад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!