Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 19:36

Ноболиғ зери чархи мошин монд. Дар Душанбе

11 июл 2012, 12:39

Дар ин бора Қудратулло Шоев, масъули РБДА ба хабаргузории Озодагон иттилоъ дод.

Тибқи хабари манбаъ, имрӯз, 11-уми июл, ронандаи автомашинаи тамғаи «ВАЗ-2115» рақами давлатиаш ЕН 05-55 РТ 01 Фарух Одинаеви 23- сола, сокини кӯчаи Навбаҳор, аснои ҳаракат бо кӯчаи Исмоили Сомонӣ аз тарафи кӯчаи Рӯдакӣ ба самти кӯчаи Варзишӣ дар рӯ ба рӯи «Боғи Ҳайвонот» пиёдагарди ноболиғ Азамбои Тоҳир 12 сола, сокини кӯчаи Ҳамадонӣ, хонандаи синфи 6-уми мактаби таҳсилоти умумии №88-и пойтахтро пахш мекунад. Дар натиҷа, ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ гирифта, дар табобатхона ба халокат мерасад.
Номбурда илова намуд, ки як рӯз қабл, ронандаи автомашинаи тамғаи «Нексия» рақами давлатиаш ВМ 42-79 РТ 01 Раҷабмурод Муродалиеви 25- сола , сокини деҳаи Тиллоободи ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Рӯдакӣ ба ҷониби шаҳри Душанбе дар деҳаи Элок, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, велосипедрон Абдулло Раҳимови 67- сола, сокини деҳаи Чорсуро пахш намудааст. Дар натиҷа, Раҳимов Абдулло ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта дар беморхона ба ҳалокат расидааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!