Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 12:44

Раҳмонов: Бо Белорус гуфтушунид дорем

12 июл 2012, 04:13

Дар нимсолаи аввали соли равон дар шаҳри Кӯлоб 3 корхонаи нави саноатӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Дар ин бора Абдуғаффор Раҳмонов, раиси шаҳри Кӯлоб зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт. Ба қавли ӯ, барои нахустин маротиба аст, ки дар минтақа як хонуми соҳибкор корхонаи саноатӣ месозад. Гузашта аз ин, ин бону бунёди корхонаи истеҳсоли рангро ба роҳ мондааст, ки дар ҳудуди вилоят нахустин мебошад.
Ҳамзамон, ду сехи нав- макарон ва маҳсулоти ширӣ дар назди корхонаи нонбарорӣ сохта ба истифода дода шудааст: «Зимнан, рӯзҳои наздик корхонаи мебелбарорӣ, макаронбарорӣ бо таҳизоти нави муосири олмонӣ барои истеҳсоли 7 намуди макарон, ки мутахассисони олмонӣ насб менамоянд, ба фаъолият оғоз хоҳанд намуд. Дар назар аст, ки корхонаи азими шишабарорӣ бо ибтикори як соҳибкор сохта шавад. Барои ин корхона майдони 1,5 гектар замин зарур аст. Дар ин маврид ба Кумитаи заминсозии ҷумҳурӣ ва ҲҶТ  барои ҷудо намудани қитъаи замин муроҷиат кардаем ва боварӣ дорем, ки аз он ҷониб дастгирӣ меёбем.  бо Бо мутахассисони ҷумҳурии Белорус барои бунёди корхонаи тракторбарорӣ гуфтушунид рафта истодааст».





Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!