Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 18:54

Пирӯзии 4 варзишгари тоҷик дар Бишкек

12 июл 2012, 05:48

Варзишгарони тоҷик аз чемпионати Осиё, ки дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон баргузор гардид, бо як медали нуқра ва се нишони биринҷӣ баргаштанд.

Тибқи иттилои Муродалӣ Тешаев, сухангӯӣ Кумитаи миллии олимпии кишвар ин сабқат рӯзҳои 8-9-уми июл доир гардида дар ин мусобиқа паҳлавонони 14 кишвари Осиё  ширкат варзиданд. Ба як нафар намояндаи Тоҷикистон муяссар гардид, то медали нуқраи ин сабқатро ба даст орад ва се нафари дигар нишони биринҷиро сазовар гардиданд.
Бино ба қавли манбаъ, барандаи нишони нуқра дар вазни 76 кило Фаррух Шарифов гардид. Зафар Идрисов дар вазни 54 кило, Ҳаёт Раҳимов дар вазни 63 кило, Инъом Инъомов дар вазни 69 кило ҳар се соҳиби нишони биринҷӣ гардиданд. Ҳайати тими кишварро мураббӣ Насим Давлатов роҳбарӣ мекард.
Номбурда афзуд, ки аз 21 то 26-уми август варзишгаронро дар ин намуди олимпӣ Чемпионати ҷаҳон интизор аст.
Ёдовар мешаев, ки дар намуди гӯштини тарзи озод чаҳор паҳлавони тоҷик барандаи роҳхати Бозиҳои олимпии Лондон- 2012 маҳсуб мешаванд, ки айни ҳол онҳо тамринҳои хешро дар ин сабқат пурзӯр мекунанд.  


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!