Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 20:26

Сафар Сафаров дар Суғд ҷаласаи ҲХДТ-ро баргузор кард

12 июл 2012, 06:58

Конференсияи IХ-уми ҳисоботӣ-интихоботии ҲХДТ дар вилояти Суғд баргузор гардид.

Тибқи иттилои хабарнигори маҳаллии Озодагон, дар кори ҷаласаи мазкур муовини аввали райиси ҲХДТ Сафар Сафаров, роҳбарияти вилоят ва беш аз 250 нафар вакилон аз ташкилотҳои ҳизбии шаҳру навоҳии вилоят ширкат доштанд. Нишастро раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд  Даврон Зоҳидов ифтитоҳ карда, аз фаъолияти дуюнимсолаи ҳизбиёни вилоят ҳисобот дод. Баъдан, маърӯзаи ҳисоботии раиси комиссияи тафтишотии кумиҷроияи вилоятӣ Каромулло Одилов шунида шуд.
Зимнан, андешаҳои  худро ҳамчунин дар бораи фаъолияти дуюнимсолаи ташкилоти ҳизбии вилоят муовини аввали раиси ҲХДТ-и Тоҷикистон Сафар Сафаров ва раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода иброз доштанд.
Дар ҷаласа ҳамчунин райсати нави кумиҷроияи вилоятӣ, комиссияи тафтишотӣ сармуҳаррири нашрияи ҳизбии вилоят «Сухани халқ» ва роҳбарияти кумиҷроияи вилоятӣ интихоб карда шуданд.
Вакилон бо як овоз Даврон Зоҳидовро раиси кумиҷроияи вилоятӣ ва Анвар Ҷалиловро муовини авали раиси кумиҷроияи вилоятии ҲХДТ интихоб карданд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!