Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 11:42

Озмуни беҳтарин ҳофиз ва қории «Қуръон» дар Душанбе

8 июн 2011, 04:48

Озмуни навбатии ҳофизони Қуръон дар Душанбе баргузор мегардад.

Тавре ба «Озодагон» котиби масъули маркази исломии Тоҷикистон Неъматулло Олимов иттилоъ дод, рӯзҳои 18 ва 19-уми июн чорабинии мазкур сурат мепазирад. Номбурда афзуд, соли сеюм аст, ки бо ташаббуси президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон озмуни ҳифз ва қироати Қуръон доир шуда, ҳадаф аз баргузории он  рушди қобилияти зеҳнӣ ва фаъол гардонидани раванди дониш дар муассисаҳои динии кишвар, инчунин муайян намудани беҳтарин қориёни  Куръон аст.Шахсони синнашон аз 7- то 25-сола, ки қории Қуръон ҳастанд, оҳанги қироат ва савти хубу лаёқати  баланди қироати китоби муқаддаси осмонӣ-Қуръонро доранд, имкони дар озмун ширкат варзиданро доранд. Маврид ба ёдоварист беҳтарин иштирокчиёни ин озмун, имкони иштирок дар озмунҳои байналмилалиро ба даст меоранд. Аз ҷумла, соли гузашта яке аз ғолибон -Набиаллоҳ Саидов дар миёни намояндагони 75 давлати ҷаҳон дар Мисри Араб ба гирифтани мақоми аввали сазовор гардида буд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!