Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 19 феврал 2017, 19:28

Тоҷикстандарт: Шароити бади санитарӣ дар бозорҳо камбуди мо ҳам ҳаст

12 июл 2012, 10:54

Агентии «Тоҷикистандарт»-и кишвар 128 ҳазору 598 адад воситаҳои ченакро зери тафтиш қарор додааст, ки аз ин миқдор 9 ҳазору 101-тои он бо сабаби мӯҳлати санҷишашон гузаштан ва ё таъмирталаб будан корношояш ҳисобида шудаанд.

Ин нуктаро Бахтиёр Шукуров, директори агентии мазкур  имрӯз зимни як  нишасти матбуотӣ дар ҳузури хабарнигрон иброз дошт. Номбурда қайд намуд, ки миқдори воситаҳои ченаки корношоям нисбати ҳамин давраи соли гузашта тақрибан 0,5% кам гардидааст: «Давоми нимсолаи аввали соли 2012 дар озмоишгоҳҳои метрологии Тоҷикстандарт  175.890 адад воситаи ченак аз санҷиши мутобиқат гузаштанд, ки дар муқоиса ба ҳамин давари соли сипаригардида 17.209 адад зиёд мебошад. Аз ин шумора 74.583 ададашро  воситаҳои ченаки ҳангоми баҳисобгирии захираҳои сӯзишворию  энергетикӣ истифодашванда ташкил медиҳанд».
Тайи 6 моҳи ахир дар озмоишгоҳҳои хадамоти давлатии метрологии агентӣ 67.699 ҳисобкунаки барқӣ, 5.664 адад ҳисобкунакҳои газию обӣ ва 210 адад сутунҳои фурӯши сӯзишворӣ, зарфҳои нигаҳдории сӯзишворӣ аз санҷиш гузаронида шудаанд.
Директори Агентии Тоҷикстандарт илова намуд, ки имсол бо мақсади нигоҳдории бозори истемолӣ аз маҳсулоти бесифати барои ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон зараровар ва таъмини ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон 2.770 санҷишҳо дар субъектҳои хоҷагидор гузаронида шуд, ки аз ин шумора дар 601 ҳолат камбудиҳо ошкор гардиданд. Ҷаноби Шукуров эътироф кард, ки шароити бади санитарӣ ва риоя нашудани қоидаҳои савдо дар бозорҳои Тоҷикистон камбуди вайҳо ва Хадамоти санитарӣ эпидемиологӣ аст, ки назоратро дар сатҳи лозима ба роҳ намондаанд.  



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!