Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 08:03

Дар Кӯлоб Агроинвестбонк аз болои қарздорҳояш ба додгоҳ шикоят бурд

13 июл 2012, 03:41

Бонки минтақавии Агроинвестбонк дар минтақаи Кӯлоб дар 14 ҳолат бо ҷурми  пас нагардондани қарзи бонкӣ аз ҷониби мизоҷон, вомгиронро ба суд кашид. Дар ин бора Сайфиддин Қадамов, сардори бонки мазкур зимни як нишасти матбуотӣ хабар дод.

Тибқи иттилоъ, зиёда аз 400 ҳазор сомонӣ аз ҷониби қарзгирандагон бо ба анҷом расидани мӯҳлати пасгардонии қарз, баргардонида нашудаанд.    
«Чунин ҳолат барои иҷрои нақшаи молиявӣ зарари ҷиддӣ ворид мегардонад. Гузашта аз ин, барои даромади бонк низ латма меорад. Аз ин хотир, тибқи қонунҳои ҷории бонкӣ мо ба ин гуна мизоҷон барои кашол додани қарзи бонкӣ ва гардиши пулӣ, фоизи қарзиро боз боло мебардорем»,- афзуд Қадамов.
Дар ҳамин ҳол, ба иттилои расмӣ Агроинвестбонк барои мизоҷонаш дар нимсолаи аввали имсол ба маблағи 25 миллиону 768 ҳазор сомонӣ қарз додааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!