Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 19 феврал 2017, 17:01

Шаҳрванди Афғонистон 15 000 доллари бонуи тоҷикро ба яғмо бурд

12 июл 2012, 12:12

Як сокини афғонистони 15000 доллари сокини ноҳияи Ваҳдатро рабудааст.

Тавре ба Озодагон аз ВКД хабар доданд, дар ин бора Ҳафиза Абдуллоеваи 34 сола, сокини ноҳияи Ваҳдат ба мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Шоҳмансури Душанбе муроҷиат кардааст. Бино ба гуфтаи хонуми Абдуллоева, моҳи июли соли 2011 шаҳрванди ҷумҳурии исломии Афғонистон Бисмиллоҳи Раҳимҷони 38 сола, муваққатан истиқоматкунандаи кӯчаи Мирзо Турсунзода бо роҳи фиреб ба боварии ӯ даромада, 15000 доллари амрикоияшро гирифта, то ҳол барнагардонидааст.

Бисмиллоҳи Раҳимҷон аз сӯи кормандони ҳифзи ҳуқуқ боздошт шуда, қазия мавриди тафтиш қарор дорад.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!