Комиссияи Аврупо барои барномаҳои пешгирӣ аз ҳаводиси эҳтимолии табиӣ ба кишварҳои нодор дар соли 2012 ин миқдор маблағро ҷудо намудааст.
Дар баёние, ки ахиран дар сомонаи ин ниҳод пахш шуд, омадааст, ки кишварҳои дарёфткунандаи ин кӯмак асосан аз Амрикои Марказӣ, Осиёи Марказӣ ва Миёна, Қафқоз ва Осиёи Чанубу Шарқиву Африқои Ҷанубӣ мебошанд.
Гуфта мешавад, ин маболиғ дар чорчӯби “Барномаи Комиссияи Аврупо барои омодагӣ ба ҳаводиси табиӣ” ба давлатҳои кишварҳои мазкур ироа мегардад. Аз ин маблағҳо ҳашт миллион еврои он барои иҷрои барномаҳои марбут ба ҷилавгирӣ аз хатароти ношӣ аз ҳаводиси табиӣ дар кишварҳои Осиёи Миёна ихтисос ёфтааст.
Ҳадафи ин барнома беҳбуди вокуниши мақомот ба ҳаводиси табиӣ, аз ҷумла обхезиҳо, тӯфонҳо, хушксолӣ, зилзила, ҷангалсӯзӣ, боло бурдани огоҳии омодагӣ ба ҳаводиси табиӣ дар миёни мардум мебошад.
Мӯҳр