«Тоҷикстандарт» барои пешгирии фиреби истеъмолкунандагон дар Тоҷикистон стандарти нави «ҳалол»-ро таҳия кардааст.
Тоҳир Одинаев, масъули агентӣ мегӯяд, Кумитаи техникии маҳсулоти хӯроквории назди Агентӣ, баъди гирифтани хулосаи Вазорати тандурустӣ, Кумитаи дин, Шӯрои уламо ва Хадамоти байторӣ стандарти «ҳалол» -ро коркард намуда, айни ҳол барои мувофиқкунӣ боз ба ин ниҳодҳо рирсол кард. Ӯ мегӯяд, амалан ин стандарт дар ҳоли қабулшавӣ қарор дорад.
Бахтиёр Шукуров, раиси Агентии «Тоҷикстандарт» ба ин назар аст, ки айни ҳол бисёри маҳсулоте, ки дар бозорҳои Тоҷикистон зери тамғаи ҳалол фурӯхта мешаванд, дар асл «ҳалол» нестанд: «Мо мебинем дар бозори мо бисёр маҳсулот бо тамғаи «ҳалол» ба фурӯш гузошта шудаанд. Мо вақте корхонаҳои истеҳсоли ҳасибу дигар маҳсулотро тафтиш намудем, муайян шуд, худи масъулини корхона аз стандарти «ҳалол» бехабаранд. Бо технологияи оддӣ кор мекунанд. Ин стандарти «ҳалол» нест. Бисёри одамон, ки ба ҳамин «ҳалол» таваҷҷӯҳ медиҳанд, фиреб мехуранд. Соҳибкорон талаботи оддиро иҷро намекунанд. Бино ба ин мо маҷбур шудем ба ин кор машғул шавем».
Раиси «Тоҷикстандарт» таъкид кард, ки барои назорати «ҳалол» -ии маҳсулот ҳатман мутхассисони Кумитаи дин ва Шӯрои уламоро ҷалб хоҳанд шуд.
Мӯҳр