Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 03:05

200 мусофир дар Душанбе интизори гирифтани бағочи худ аз «Ют Эйр» мебошанд

13 июл 2012, 07:26

Ду рӯз боз мусофирони хатсайри Маскав-Душанбе барои гирифтани бағочи худ назди бинои марказии фурудгоҳи Душанбе ҷамъ меоянд, аммо бағочи онҳо то ҳоло дар Маскав қарор доранд.

Тавре Муҳаммадюсуф Шодиев, сухангӯи ФБМД «Душанбе» ба хабаргузории Озодагон иттилоъ дод, парвози самти Маскав-Душанберо ширкати «ЮТ Эйр»-и Русия анҷом додааст.
Зимнан, намояндаи кулли ширкати Ют Эйр Ҳусейн   Усмонов мегӯяд, борҷои ду ҳавопаймои Боинг-737,  ки дар хатсайри мазкур парвозҳоро анҷом медиҳанд вайрон буда, натавонистаанд бағоҷи мусофиронро якҷоя бо худи мусофирон интиқол диҳанд. Ба замми ин номбурда наметавонад, бо роҳбарияти ширкаташон забон ёбад ва бори мусофирони рейсҳои  ¹801 ва ¹803, ки шаби 12.07.2012 парвозҳоро анҷом дода буданду адади умуми мусофироне, ки бағочи худро нагирифтаанд, аз 200 нафар зиёданд ба Душанбе интиқол диҳанд.
Гуфта мешавад, дар аввал аксари мусофирон айбро дар фурудгоҳи Душанбе дониста, дастрас кардани бағочро аз фурудгоҳи Душанбе талаб мекарданд.  


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!