Бахшҳо

Аъзои «Tajiks community in South Korea» зиёд шуд

Теъдоди аъзоёни яке аз ҷамъиятҳо (диаспора)-и фаъол «Ҷамъияти тоҷикон дар Кореяи ҷанубӣ" (Tajiks community in South Korea)  ба 41 нафар расид, ки бештари онҳоро донишҷуёни тоҷики муқими ин кишвар ташкил медиҳад.

Тавре Абдулло Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ба Озодагон иттилоъ дод, донишҷӯёни тоҷик дар риштаҳои гуногуни хоҷагии халқ, ки имрӯз  Тоҷикистон ба ин гуна мутахассисон ниёз дорад, таҳсил мекунанд: «Донишҷӯёни тоҷик  дар риштаи муносибатҳои байналхалқӣ, (дипломатия) иқтисодиёти байналмилалӣ ва савдо, муҳандисӣ ва забономӯзӣ таҳсил менамоянд».
Бо ташаббуси Ҷон Бобоев, роҳбари «Ҷамъияти тоҷикон дар Кореяи ҷанубӣ» дар ҳар се-чор моҳ як маротиба дар шаҳрҳои гуногуни Кореяи ҷанубӣ вохӯрию мулоқот доир мегардад.
Манбаъ мегӯяд, дар мулоқотҳо, онҳо бо аъзоёни нав шинос шуда, оид ба мушкилот ва проблемаҳое, ки дар тӯли таҳсил, фаъолият ва буду бошашон дар ин кишвар пайдо мешавад, дар якҷоягӣ ҳаллу фасл менамоянд.Ҷамъияти мазкур саҳифаҳои интернетии худро дар сомонаи www.facebook.com  ва «Мой Мир» доро мебошад.   
-Бо таваҷҷӯҳ ба  ин, чанде қабл Сафиалло Девонаев, сардори Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон бо Ён Ҷонку, кафили сафорати Корея дар Тоҷикистон мулоқот намуд ва дар бораи нақшаҳои густариши муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ сӯҳбат кард. Девонаев ба дипломати Корея изҳор дошт, ки пешнависи қарордоди байниҳукуматии Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ дар бораи муҳоҷирати корӣ ва ҳифзи иҷтимоии муҳоҷирони корӣ таҳия ва миёни вазоратхона ва муассисаҳои зидахли ду кишвар ба тавофуқ расидааст,-афзуд манбаъ.





Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)