Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 23:08

Обдуздӣ дар Тоҷикистон як падидаи маъмулӣ аст

14 июл 2012, 08:03

Алимурод Тағоймуродов, мудири кулли КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» мегӯяд, наздики 80 фоизи об дар навоҳӣ ва деҳоти Тоҷикистон соҳиб надорад.

Ба ҳисоби масъулини ин ниҳод ҳамагӣ 22 фоизи низоми таъминот бо об дар деҳоти Тоҷикистон назорат мешаваду бас. Раиси КВД таъкид мекунад, ки боқимонда бесоҳиб аст: «Вақте соҳиб нест, албатта назорат ва безараргардонӣ ҳам сурат нахоҳад гирифт».
Тағоймуродов фаҳмонд, ки бесоҳиб гуфта оби кӯлу чашмаро дар назар надорад:
«Онҳоеро гуфта истодаам, ки хатҳои кашидаи об, онҳое, ки чоҳ доранд, обкашак доранд».
Тағоймуродов мегӯяд, ҳастанд одамони алоҳида дар навоҳӣ, ки барои об пул ҷамъ мекунанд, вале ягон ҳисобот надоранд: «Ин дуздии рӯйирост аст. Худаш маош мегирад. Ду-се одами дигарро маош медиҳад. Дигар на андоз, на фонди нафақа месупорад. Дар ягон ҷо мӯҳр надорад. Ин ҳамаро муттаҳид кардан даркор ба як низом даровардан лозим аст».
Тағоймуродов мегӯяд, айни ҳол ҳамагӣ 48,6 фоизи мардуми Тоҷикистон бо оби ошомиданӣ ва 12 фоиз бо оби ташноб таъмин асту халос.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!