Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 21:18

Ҳалокати се нафар ва ба ҷарӣ рехтани 46 ҳазор литр сӯзишвории «АЗИЯ-ТРАНС»

14 июл 2012, 08:07

Сониҳаи нақлиётӣ дар километри 150-уми ноҳияи Айнии вилояти Суғд мунҷар ба марги се нафар гардид.

Тибқи иттилои Маҳмадшариф Шамсов, масъули РБДА, рӯзи гузашта, 13-июл соати 08:30 ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «ХУБЕЙ», Усмонқул Бекмуродови 65- сола, корманди ширкати «АЗИЯ-ТРАНС», аснои ҳаракат дар роҳи Душанбе-Хуҷанд-Чанок дар километри 150-уми ноҳияи Айнии вилояти Суғд, бехатарии ҳаракати роҳро риоя карда натавониста, аз самти ҳаракаташ баромада ба ҷарии чуқурияш 300 метр чаппа шудааст.  Дар натиҷа, 46 ҳазор литр сузишвории дизелӣ ба замин рехта, худи ронанда ва мусофирони ӯ -Абдулмуъмин Бегмуродови 19- сола ва ноболиғ Кароматулло Соқиматови 16- сола, сахт ҷароҳат гирифта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасанд.
Сарчашмаи хабар илова намуд, ки аз аввали соли равон то ба имрӯз 648 сониҳаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 189 нафар ҳалоку  694 тани дигар захм бардоштааст.  


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!