Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 01:03

Нархи об дар Тоҷикистон боз ҳам боло меравад

16 июл 2012, 08:30

Ҳукумати Тоҷикистон сар аз моҳи феврал ваколати таъмини мардуми навоҳии Тоҷикистонро бо оби нўшокӣ ба ўҳдаи КВД «Хоҷагии  манзилию коммуналӣ» гузоштааст.

Масъулини «ХМК» бошанд, дар ин росто доранд, нархи обро ду маротиба боло баранд.   
Онҳо нархи як метри мукааби обро барои мардуми навоҳии кишвар айни ҳол 60 дирам гуфта, таъкид мекунанд, ки аз ҳар метри мукааб наздики 1,2 сомонӣ зарар дида истодаанд.
Алимурод Тағоймуродов, мудири кулли КВД «ХМК»  мегўяд арзиши аслии расондани як метри мукааби об то истеъмолкунандагон айни ҳол дар кишвар 2 сомонию 02 дирам аст:  «Аммо аз сабаби қобилияти пасти пардохтпазирии мардуму корхонаҳои кишвар мо айни ҳол бар зарар-ба ивази 60 дирам об дода истодаем. Ҳамаи қарздориҳо ҳам аз барқу андозу дигар ҳам аз ҳамин сабаб аст. Мо ният дорем нархи обро 1 сомонию 20 дирам кунем, то имкониятҳоямон васеъ шаваду соҳа то дараҷае худкифо гардад».
КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» масъалаи об ва тамоми хизматрасониҳои манзилию коммуналиро дар тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ба ғайр аз Душанбею Хуҷанд дар ихтиёр дорад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!