Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 03:21

Дипломати англис сармоягузориро ба Тоҷикистон шарҳ дод

16 июл 2012, 08:59

Робин Орд-Смит, Сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон мегӯяд, барои кишвараш   сармоягузорӣ ба бозори забономӯзии Тоҷикистон ва соҳаи маориф манфиатовартар хоҳад буд.

Ба гуфтаи Смит сармоягузории бритонӣ дар баробари забономӯзӣ ба бахшҳои хизматрасонию соҳаи кӯҳкории Тоҷикистон имкони густариш дорад. Сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон мегӯяд ҷалби сармоягузорӣ ба Тоҷикистон аз чанд омил вобаста аст: «Дилхоҳ ширкати сармоягузор, сарфи назар бритониёгӣ аст, ё дигар муҳити соҳибкориро меомӯзад. Дар кадом кишвар, дар кадом вақт ва дар дар кадом ҳаҷм  имкони гирифтани фоида аз сармоягузорӣ аст. Дар мавриди Тоҷикистону имкониятҳои сармоягузорӣ ба ин кишвар бисёри ширкатҳо иттилоъ надоранд. Ин кор барои ҳукумати Тоҷикистон ва сафорати Британияи Кабир аст, ки бояд бештар Тоҷикистонро дар доираҳои соҳибкории хориҷа муаррифӣ намоем».
Сафири Британияи Кабир таъкид намуд, ки бешубҳа бозори забономӯзии Тоҷикистон ва соҳаи маориф барои сармоягузорони кишвараш ҷолиб хоҳад буд, чун таваҷҷӯҳи мардум ба омӯхтани забони англисӣ рӯзафзун аст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Cармоягузори мекардааст худаш хамаашро гуфта дод ку боз чи даркор як кисми сакрмояро ба хоинони милат Шерзамонов ва Мадбокиров баринхо медихад ва халос токи оромии ватанамонро халалдор созанд. Фикри бисёр лозим нест хамааш маълум мехоханд украинаи дуюмро дар точикистон табдил диханд.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!