Асаналӣ Карамалиев, муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон аз камфаъолиятии соҳибкорони ватанӣ дар намоишгоҳу форумҳои иқтисодии дохилу хориҷи кишвар интиқод намуд.
Вай соҳибкорони эрониро мисоли ибрат гуфт, ки аз ҳар имконияти хурд дар вохӯриҳо барои роҳандозӣ ва густариши ҳамкориҳои тиҷорӣ истифода мекунанд: «Чанде пеш ҳамроҳи 12 нафар соҳибкори тоҷикистонӣ таи як ҳафта дар Хуросони шимолии Эрон қарор доштем. Дар вохӯриҳо соҳибкорони эронӣ чунон фаъол буданд, ки ҳамтоёни тоҷикашон онро дар гӯшаи хаёл тасавур кардан ҳам наметавонанд. Ҳанӯз бо як соҳибкори эронӣ сӯҳбатро тамом накарда, дигаре омада пешниҳоди ҳамкориро мекунад. То соатҳои 12 ва 1 –и шаб кофта то меҳмонхона меомаданд, то бо ҳамтоёни хориҷиашон имкониятҳои ҳамкориро баррасӣ намоянд».
Ин дар ҳолест, ки дар анҷумани соҳибкорони дохили Тоҷикистон аксаран ҳолати баръакс мушоҳида мешавад. Аз ҷумла, дар форуми соҳибкорони тоҷику покистонӣ, ки қаблан дар Душанбе баргузор гардид, тоҷирони хориҷӣ аз ҳамтоёни тоҷикашон интиқод намуданд. Ҳанӯз дар рӯзи аввали форум соҳибкорони тоҷикистонӣ ягон ягон ба назар мерасиданд. Дар ҳоле, ки аз Покистон барои роҳандозӣ ва густариши ҳамкорӣ ба Душанбе 111 нафар соҳибкор, - намояндагони ширкатҳои машҳур дар соҳаҳои нассоҷӣ, саноати хӯрокворӣ, дорусозӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмон ва дигар соҳаҳои хоҷагии қишлоқ омада, интизори ҳамтоёни тоҷик меистоданд.
Зубайдулло Зубайдов, сафири Тоҷикистон дар Покистон бо ишора ба ин ҳолат аз соҳибкорони ватанӣ изҳори норозигӣ карда, афзуд, ки хеле бемайлу рағбат ва камфаъоланд.
Мӯҳр