Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 02:50

Нашри китоби нави Беҳрӯзи Забеҳулло дар Эрон

16 июл 2012, 12:26

Барои нахустин бор таҳқиқот илмие дар бораи сайри таҳаввули адабиёти тоҷик дар даврони сотсиалистӣ дар маҷмӯъае таҳти унвони  "Қиссаи мурғи самандар" бо забони форсӣ дар Эрон ба табъ расид.

Беҳрӯзи Забеҳулло, шоир ва журналисти тоҷик, ки алъон дар шаҳри Машҳади Эрон ба сар мебарад, муаллифи ин асари илмӣ-тадқиқотӣ зери унвони «Саргузашти адабиёти тоҷик дар замони шӯравӣ» мебошад. Мавсуф адабиёти муосири моро дар қарни бист дар панҷ марҳала барои хонандагони форсизабон ташреҳ кардааст.   
Муҳаммад Ҷаъфари Ёҳақӣ, устоди Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад ва узви пайвастаи Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ дар пешгуфтори китоб навиштааст: « Ҷустуҷӯ дар авомил ва мароҳили таҳаввули тоҷикӣ ва дарӣ барои тақвият ва истеҳкоми бунёнҳои форсӣ судовар ва таъйинкунанда аст... Ҷустуҷӯе, ки нависандаи мӯҳтарами китоб дар бозшинохти ин "самандари дар оташ" ба харҷ дода ва пайванду пайвастагиҳои онро аз лобалои огоҳиҳои андаку бисёри ин масир берун кашида..."
Ин китоб ба ҳиммати интишороти "Марандиз" ба зевари табъ ороста шуд ва дар ихтиёри дӯстдорони забон ва адабиёт форсӣ қарор гирифт.
Беҳрӯзи Забеҳуллоҳ, шоир, нависанда ва файласуфу рӯзноманигори тоҷикистонӣ аст, ки дар ибтидои соли ҷорӣ низ китоби дигари вай бо номи  "Зангӯлазанон гузашт борон" дар Кобули Афғонистон мунташир шуд. То ин замон аз Беҳрӯзи Забеҳуллоҳ ду маҷмӯаи шеър, бо номҳои "Ғамамро шеър кардам" ва "Танҳо барои худ", гирдоварии гуфтаҳои 45 орифи эронӣ дар маҷмӯаи "Ҳикмати авлиё" ва баргардони китоби "Андешаҳои сиёсӣ дар садри ислом" бо хатти сириллик дар Тоҷикистон мунташир шудааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!