Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 21:19

Вакилони парлумони ИА бо президенти Тоҷикистон мулоқот карданд

17 июл 2012, 04:26

Эмомалӣ Раҳмон ҳайати вакилони Парлумони Аврупоро, ки таҳти роҳбарии Струан Стивенсон ба Душанбе ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.

Тавре сомонаи расмии райисҷумҳур менависад, дар нишаст масоили ҳамкории   Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуд. Таъкид гардид, ки Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо дар ҳамдастию ҳамбастагӣ метавонанд, дар ҳаллу фасли бархе аз мушкилоти Осиёи Марказӣ ва Афғонистон нақши муассир дошта бошанд.Вакилони Парлумони Аврупо бо ишора «ба нақши муҳими Тоҷикистон дар ин минтақаи дорои аҳамияти стратегӣ» таъкид бар он доштанд, ки Иттиҳоди Аврупо барои пурзӯр намудани ҳифзи сарҳад бо Афғонистон ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии хатари терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир пайваста мусоидат намуда, кумакҳои техникии худро афзун хоҳад кард.
Ҳамзамон, таваҷҷуҳи зиёд ба рушди иҷтимоию иқтисодии кишварҳои минтақа ва бозсозии ҳаёти осоишта дар Афғонистон тавассути эҳёи иқтисодии он зоҳир гардид. Изҳори боварӣ карда шуд, ки мавриди истифодаи васеъ қарор додани иқтидорҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон ва ба ҳам пайвастани шабакаҳои барқии Тоҷикистон ва Афғонистону Покистон, аз ҷумла тавассути хатти баландшиддати КАСА-1000 ба нафъи кулли минтақа хоҳад буд.  



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!