Айни замон дар нақшаи генералии шаҳри Душанбе тағйиротҳо ворид гардидаанд ва то охири сол он ба ҳукумати кишвар пешниҳод мешавад.
Дар ин бора Мирзоҳусайн Султонов, муовини аввали директори Агентии сохтмон ва меъморӣ иброз дошт. Бино ба гуфти ӯ, то ин вақт дар Душанбе лоиҳаи даврони шӯравӣ таҳияшуда амал мекард: «Коркарди лоиҳаи нав то охири соли равон аз ҷониби Агентӣ ба итмом мерасад ва он ба ҳукумати кишвар пешниҳод карда мешавад. Дар ин лоиҳа се маротиба васеъ шудани ҳудуди пойтахт дар назар аст».
Ба гуфти Мирзоҳусейн Султонов, нақшаи мазкур бо кӯмаки лоиҳакашони хориҷӣ таҳия гардида истодааст: «Феълан барои васеъ кардани шаҳр ба тарафи ҷануби пойтахт ба масоҳати аз 12,6 ҳазор гектар то ба 38 ҳазор гектар зиёд карда мешавад».
Мӯҳр