Дар Душанбе байни Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкатҳои чехии «FINAPRA a.s.», «PSP engerneinig», «TESTER ČR s.r.o» ва «ČKD Blansko Engineering, a.s.» санади ҳамкорӣ ба имзо расид.
Тибқи иттилоъ, дар чорчӯби ёддошти ҳусни тафоҳум ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҷиҳати ҷалби сармоягузорӣ ва кушодани хатти қарзӣ барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои истеҳсоли саноатӣ ва энергетика, аз ҷумла сохтмони заводҳои сементбарорӣ ва НБО-ҳо ҳамкориҳои зичро ба роҳ монанд.
Ҳамзамон, қайд гардид, ки тарафҳо дар якҷоягӣ ҷиҳати таҳияи лоиҳаҳои сармоягузорӣ кўшиш ба харҷ дода, онҳоро бояд ба баррасӣ ва тасдиқи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати “FINAPRA a.s.”, ки маблағгузории татбиқи лоиҳаҳои сармоягузориро ба ўҳда хоҳад гирифт, пешниҳод намоянд.
Гуфта мешавад, ёддошти тафоҳумро Давлаталӣ Саидов, райиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва директори иҷроияи ширкати “FINAPRA a.s.” Петер Сирочка, инчунин намояндагони ширкатҳои «ČKD Blansko Engineering, a.s.» - Милан Коуделка ва «PSP Еngineering a.s.» - Владимир Райек ба имзо расониданд.
Мӯҳр