Дар шаҳри Алма-Ато бинои консулгарии Сурия оташ гирифт.
Тибқи хабарҳои расида оташсӯзӣ ошёнаи дуюм ва сеюми биноро пурра фаро гирифтааст. Дипломатҳои суриягӣ иддао доранд, ки сухтор бо истифода аз буталҳои оташзо сурат гирифтааст.
Тибқи хабарҳои расида, тамоми асноди утоқи консули Сурия, ки дар табақи сеюм қарор доштааст, пурра хокистар шудаанд.
Самир Дерех, консули фахрии Сурия дар Қазоқистон зимни сӯҳбат ба телевизиони КТК-и ин кишвар оташсузиро кори дасти «созмонҳои ифротии динӣ» хонд.
Мӯҳр