Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 03:22

Барои таъминоти пурраи тоҷикистониён бо об 10 миллиард лозим аст

17 июл 2012, 11:38

Масъулини КВД «Хоҷагии манзилию комуналӣ» мегӯянд, айни ҳол дар ҳоли таҳия кардани барномаи вижае ҳастанд, ки ба таъминоти пурраи мардуми Тоҷикистон бо оби тозаи ошомиданӣ нигаронда шудааст.

Ҳаҷми хароҷоте, ки дар доираи барнома пешбинӣ шудаст, 9 миллиарду 600 миллион сомонӣ ва замони тадбиқи пурраи он соли 2025 гуфта мешавад. Сарчашмаи хабар дар қатори яке аз монеаҳои қабулшавии барномаи мазкур Вазорати молияро ном бурд, ки баъзе эътирозҳо дорад.
Тибқи оморҳо айни ҳол танҳо 48,6 дар сади мардуми Тоҷикистон бо оби ошомиданӣ ва 12 фоиз бо оби ташноб таъмин асту халос.
Масъулини КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» изҳор медоранд, ки корхонаҳои соҳаи обтаъминкунӣ ва канализатсия дар нимсолаи аввали соли 2012-ум истеъмолкунандагонро ба миқдори 18 миллиону 311,9 ҳазор метри мукааб оби ошомиданӣ ва 8 миллиону 890 ҳазор метри мукааб партовобҳо таъмин намудаанд, ки дар маҷмӯъ 100,2 фоизи нишондиҳандаи пешбинишударо ташкил медиҳад. Маблағи даромад аз ин бахш 15 миллиону 947 ҳазор сомониро ташкил намудаст, ки нисбат ба нимсолаи аввали соли 2011, 40,5 фоиз зиёд аст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!