Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 17:33

Тоҷикматлубот гӯштро арзон мекунад

18 июл 2012, 07:03

Иттифоқи Тоҷикматлубот дар Моҳи Шарифи Рамазон гӯшти гов ва бузу гӯсфандро барои мардум  бо нархҳои аз бозорҳо нисбатан арзон ба фурӯш мегузорад.

Ин нуктаро Сироҷиддин Валиев, раиси Иттифоқи Тоҷикматлуботи кишвар зимни як нишасти матбуотие, ки имрӯз дар Душанбе баргузор гардид, иброз дош. Номбурда қайд намуд, ки тибқи қарори қабулнамудаи Тоҷикматлубот аз аввал то охири Моҳи Шарифи Рамазон дар тамоми бозорҳои соҳа ва ярмаркаҳо фурӯши гӯшти гов 28 сомонӣ ва бузу гӯсфанд 30 сомонӣ нархгузорӣ карда мешавад: « Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот чун анъана ҳар сол дар арафа ва давоми Моҳи Шарифи Рамазон барои хизматрасонии ҳарчи беҳтару бештар ва таъмини аҳолӣ бо молу маводи ниёзи мардум, бахусус маҳсулоти хоҷагии қишлоқ бо нархҳои нисбатан арзонтар қарори дахлдор қабул менамояд». Сироҷиддин Валиев илова намуд, ки  бо ин мақсад, яъне ба хотири коҳиш додани нархи гӯшт дар Моҳи Шарифи Рамазон  229 сар чорвои калон ва 271 сар чорвои хурд  харида шудааст. Бояд зикр намуд, ки айни ҳол дар бозорҳои кишвар нархи гӯшт аз 33 то 35 сомониро ташкил медиҳад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!