Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 19:04

Усмон Қаландаров: Барои саривақт нарасидани вагонҳову гум шудани борҳо арзу шикоятҳо ҳастанд

18 июл 2012, 10:14

Ҳаҷми боркашонӣ дар нимсолаи аввали соли равон тариқи Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» 4 миллону 102 ҳазор тонро ташкил намуд , ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 679 ҳазор тон коҳиш ёфтааст.

Ин нуктаро Усмон Қаландаров, муовини раиси КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» зимни як нишасти хабарӣ, ки имрӯз дар Душанбе баргузор гардид, иброз дошт.
Номбурда қайд намуд, ки боркашонии транзитӣ 1 миллиону 445 ҳазор тонро ташкил додааст, ки ин рақам нисбати ҳамаин давраи соли 2011-ум 524 ҳазор тон кам шудааст: «Содироти молҳои хоҷагии халқ 279 ҳазор тон ва воридоти маҳсулот 2 миллону 275 ҳазор тон мебошад, ки воридоти молҳо аз содирот 1 миллону 996 ҳазор тон ё 8,2 маротиба зиёд шудааст».
Дар ин муддат 64 ҳазору 951 тон маҳсулоти кишоварзӣ кашонида шудааст. Муовини раиси «Роҳи оҳани Тоҷикистон» илова намуд, ки корхонаи мазкур дар 6 моҳи ахири ҳамин сол барои тоҷирону соҳибкорон ва кишоварзони ватанӣ ҳамеша шароити хуби боркашонӣ муҳайё карда, барои содироти маҳсулоти зудвайроншавандаи кишоварзӣ тавасути роҳи оҳан мунтазам сабукиҳо пешниҳод мекунад. Ба қавли Усмон Қаландаров барои содироти маҳсулоти зудвайроншаванда бо вагонҳои рефрижеторӣ «Роҳи оҳани Тоҷикистон» 50%, Ӯзбакистон 40%, Туркманистон 40% ва Русия 50% сабукӣ дода истодаанд. Ӯ изҳор дошт, ки барои сари вақт нарасидани вагонҳо, кушодани вагонҳо ва гумшудани борҳо арзу шикоятҳо ҳастанд. Аммо чунин ҳолатҳо дар ҳудуди роҳи оҳани Тоҷикистон рух надодаанд, балки дар сарҳадҳо ба вуқӯъ омадаанд, аз ҳамин лиҳоз арзу шикоятҳо пайдо мешаванд, афзуд манбаъ.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!