Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 16:53

Нуҳ садамаи нақлиётӣ дар як шабонарӯз

18 июл 2012, 11:49

Ду сониҳаи нақлиётӣ дар як шабонарӯз мунҷар ба марги ду пиёдагарди ноболиғ гардид.

Тибқи иттилои Маҳмадшариф Шамсов, масъули РБДА рӯзи гузашта,17-уми июл, соати 09:00 ронандаи автомашинаи тамғаи «ВАЗ 23 093» рақами қайди давлатияш 97 07 АМ  02, Далер Маҳмадёрови 27 сола, ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент дар километри 190-ум бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагарди ноболиғ Мафтуна Ғоибназароваи 13 соларо пахш мекунад. Дар натиҷа ҷабрдида бо ҷароҳати вазнин дар вақти ба бемористон интиқол кардан ба ҳалокат мерасад.
Худи ҳамон рӯз соати 12:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Нисан Сефиро» рақами қайди давлатиаш ВЕ 33 11 РТ 01, Ином Ҷӯрақулови 37 сола ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Ҳисор ба тарафи деҳаи Латабанд аз ӯҳдаи идораи автомашина набаромада, пиёдагарди ноболиғ Сироҷиддин Тоҷиеви 5 -соларо пахш мекунад. Пиёдагарди ноболиғ сахт ҷароҳат гирифта, ҳангоми ба беморхона бурдан дар роҳ ба ҳалокат мерасад.
Сарчашмаи хабар илова намуд, ки шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 9 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 2 нафар ҳалок гардида,  7 тани дигар захм бардоштаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!