Ба квотаи муҳоҷирати хориҷӣ дар Тоҷикистон тағийру иловаҳо ворид карда шуд, ки тибқи он минбаъд шаҳрвандони хориҷие, ки дар асоси санадҳои байнидавлатӣ амал менамоянд, ба квотаи мазкур дохил намешаванд.
Абдуллоҳи Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ба Озодагон иттилоъ дод, ки ин тасмим дар асоси фармони президенти кишвар аз 30-уми июни соли равон гирифта шуд. Номбурда таъкид намуд, ки муқаррароти мазкур ба мутахассисони баландихтиссоси хориҷие, ки барои рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ба ширкатҳои маҳаллӣ ва хориҷӣ ҷалб шудаанд, дахл дорад: «Ин амал ҷиҳати ворид шудани Тоҷикстон ба Созмони умумиҷаҳонии савдо як иқдоми басо наҷиб аст», гуфт ӯ.
Абдуллоҳи Қодирӣ илова намуд, ки қаблан ҳамаи муҳоҷирони хориҷӣ новобаста аз шакли фаъолияташон бо квотаи хориҷӣ ба Тоҷикистон меомаданд.
Мӯҳр