Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 19:12

Сармутахассиси «Сомон-аудит» барои гирифтани пора дар ҳаҷми 2 000 доллар боздошт шуд

18 июл 2012, 12:16

Сармутахассиси  ҶДММ «Сомон-аудит» бо иттиҳоми гирифтани пора аз ҷониби кормандони мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Хуҷанд боздошт шуд.

Тавре ба Озодагон аз ВКД хабар доданд, Умарқул Шоимардонови 56 сола, сокини ҷамоати деҳоти Зиракии Кӯлоб, сармутахассиси ҶДММ «Сомон-аудит» бар пояи баёноти Парвиз Бегматови 36 сола, сокини ноҳияи Ашт ба даст афтод.
Номбурда барои ба тартиб даровардани ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ, аз муҳосиби хоҷагӣ Парвиз Бегматов 2000 доллари амрикоӣ ва 2000 сомонӣ ҳамчун пора гирифтааст.
Феълан  нисбати Умарқул Шоимардонов бо моддаи 319-и кодекси ҷиноӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.


 

 

 

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!