Рӯзи гузашта, 18-уми июл истгоҳи нави иртиботии бесими (ИИБ) шабакаи «МегаФон» ба кор даромад.
Ба ин муносибат дар чор минтақаи кишвар,дар вилоятҳои Хатлон, Суғду Бадахшон ва навоҳии тобеъи марказ истгоҳҳои иртиботӣ дар фазои вижа ифтитоҳ шуданд.
Тибқи иттилои Шаҳноз Комилзода, РR-менеҷери ширкати МегаФон дар шаҳраки Адрасмони вилояти Суғд ИИБ ба номи «Комбинати коркарди маъданҳои кӯҳӣ» ба кор оғоз кард: «Дар шаҳраки Шаҳринав бошад, кормандони «МегаФон» ҳамроҳ бо журналистон ИИБ-и пайвандии (гибридний) нодирро, ки бо манбаъи нерӯи алтернативӣ кор мекунад, ифтитоҳ карданд. Ин истгоҳи иртиботии бесимро «Наврӯз» унвон карданд ва он бо пахши тугмача аз ҷониби Акбаралӣ Саттор, райиси ИЖТ ба фаъолият оғоз кард.
Ширкати МегаФон дар натиҷаи сохтмони босуръати истгоҳҳои иртиботӣ, ба хусус дар нимаи аввали соли 2012 ба чунин нишондодҳои баланди фарогирии шабака расидааст. Аз оғози сол то имрӯз мутахассисони техникии «МегаФон» дар Тоҷикистон зиёда аз 140 истгоҳҳои базавии насли дуюм ва сеюмро дар саросари кишвар насб кардаанд, ки нисбат ба соли гузашта 2 маротиба зиёд аст.
Мақсади асосии сохтмони азим — вусъати фарогирӣ, афзоиши зарфияти шабака ва такмили сифати хизматрасонӣ барои зиёда аз як миллион муштариёни тоҷикистонӣ аст. Аз 140 ИИБ-и насбшуда дар нимсолаи аввал, 70% он бо технологияи 3G муҷаҳҳаз буданд. Ин технология имкони хизматрасонии баландсуръати Интернети мобилиро барои сокинони на танҳо шаҳрҳо, балки маҳалҳои хурду дурдаст хубтару бештар мекунад.
-Мо, ба комёбиҳои ноилшудаамон қонеъ намешавем, - мегӯяд муовини директории генаралии ширкати «МегаФон» дар Тоҷикистон Андрей Шишковский. «Ният дорем, ки минбаъд боз ҳам фаъолона ва босамар шабакаро рушд бидиҳем. Нақшаҳои «МегаФон» то поёни соли 2012 ба истифода додани ҳудуди 200 истгоҳи иртиботии бесим, таъмини беш аз 70 минтақа бо интернети баландсуръат ва алоқаи овозии босифат мебошад».
Мӯҳр