Сониҳаи нақлиётӣ дар шимоли мамлакат ҷони як ноболиғро гирифт.
Тавре ба Озодагон аз РКД дар вилояти Суғд иттилоъ доданд, Далер Маҳмадёров, сарнишини сабукрави «ВАЗ-21093» соли таваллудаш 1985, сокини шаҳри Панҷакент, дар 190-километрии роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент бехатарии воситаи нақлиётро риоя накарда, нобилиғ Мафтуна Ғоибназарова, соли тавалулдаш 1999, сокини деҳаи Чубот, хонандаи синфи 7-уми мактаби таҳсилоти умумии №12-ро пахш намудааст.
Дар натиҷа ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан ба ҳалокат мерасад.
Мӯҳр