Бахшҳо

Убайдуллоев: Рӯзе нест, ки мардум дар «Фейсбук» нисбати қарор ва мурофиаҳои судӣ фикрронӣ накунанд

Дар иҷлосияи даҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, ки таҳти роҳбарии Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гардид, 38 қонун ва лоиҳаҳои қонун, ки дар рӯзномаи маҷлис пешбинӣ шуда буд, аз ҷониби аъзоёни палатаи болоии парлумони кишвар бе ягон пешниҳоду дархост қабул гардид.

Дар ҷаласа аз ҷумла қонун «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумурии Тоҷикистон, «Дар бораи судҳои Ҷумурии Тоҷикистон», қонун «Дар бораи мақомоти прокуратура», «Дар бораи ворид намудани тағйру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ», «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси меҳнат», «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», «Дар бораи ҳифзи меҳнат», «Дар бораи милитсия», «Дар бораи нишондиҳанда барои ҳисобҳо», «Дар бораи баҳодиҳии мутобиқат» ва ғайраҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зимни қабули қонун «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» гуфта шуд, ки мақсади пешниҳод ва қабули ин қонун аз такмили қонунгузорӣ, танзим намудани пардохти кӯмакпулиҳои яквақта, иловапулиҳо ва дигар ҷубронпулиҳо ҳангоми ба нафақа баромадан, дар ҳолати фавт ва инчунин ҳалок гардидан ҳангоми иҷрои вазифа дар доираи буҷаи давлатӣ ва тақвият бахшидани Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии савдо иборат мебошад.
Зимни иҷлосияи Маҷлиси миллӣ ҳамчунин қонунҳое қабул гардид, ки ба бехатарии маҳсулоти хурокворӣ, ҷамъоварӣ, нигаҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираи генетикии набототи корам, нафақаи суғуртавӣ ва давлатӣ ва омода намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат рабт дошт. Баъди қабули қонун «Оид ба ворид намудани тағйру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон» қайд гардид, ки тибқи ин тағйирот минбаъд гирифтан ва додани қитъаи замин дар қаламрави кишвар бо мақсади умумидавлатӣ бевосита ба салоҳияти ҳукумати Тоҷикистон дохил мешавад. Дар тағйироти мазкур қитъаҳои замини тақсимшаванда ва тақсимнашаванда муайян шудааст.
Дар ин ҷаласа масъалаи иваз намудани номи шаҳраку ноҳияҳо ва таъини судяҳо ба Суди олии Тоҷикистон низ баррасӣ шуд. Салоҳуддин Тошов ва Аҳтам Акрамов судияи Суди олӣ ва Мирзо Шоҳматов судияи Суди олии иқтисодӣ интихоб гардиданд. Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олӣ бо таваҷҷӯҳ ба интихоби судяҳо  иброз дошт, ки адолати судӣ бояд рӯз то рӯз қавитар гардад. Номбурда ба судяҳои интихобшуда гуфт, ҷиҳати риояи волоияти қонун тамоми дониш ва маҳорати худро равона созанд:
«Бовар кунед, рӯзе нест, ки мардум дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла «Фейсбук» нисбати ин ё он қарори суд, умуман мурофияҳои судӣ фикрронӣ накунанд».


Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)