Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 02:45

«Қарзи хизмати обрасонӣ зиёда аз 200 миллион сомониро ташкил медиҳад»

19 июл 2012, 12:13

Маблағҳое, ки барои фаъолияти вазорат ҷудо мешавад, мутаасифона хеле кам мебошад. Албатта, мо мефаҳмем, ки имрӯз вазъи иқтисодии ҷумҳурӣ имкон намедиҳад, ки Вазорати об зиёдтар маблағгузорӣ шавад.

Ин нуктаро Султон Раҳимов, муовини аввали вазири милиоратсия ва захираҳои оби Тоҷикистон зимни як нишасти хабарӣ дар Душанбе иброз дошт. Номбурда гуфт: «Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об бо супориши роҳбари давлат ва қарори ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи барномаи «Азхудкунии заминҳои нав ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида»-ро ба ҳукумат пешниҳод кардааст. Ин барнома айни замон дар ҳоли баррасӣ шудан аст. Ҳадафи асосии барнома азхуд кардани заминҳои нав ва ҳам ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида тавасути барқарорсозии пойгоҳҳои обкашӣ ва бо роҳи барқарорсозии чоҳҳои амудӣ мебошад».
Номбурда камбуди маблағро мушкили асосии фаъолияти вазорат унвон кард. Мушкили дигар ба қавли муовини вазир саркашии хоҷагиҳо аз пардохти ҳаққи истифодаи об будааст. «Бо вуҷуди он ки мо пурра хоҷагиҳои кишоварзӣ ва дигар истифодабарандагонро пурра бо об таъмин менамоем, вале аз ҷониби онҳо ҳаққи хизмати обрасонӣ сари вақт пардохт намешавад. То имрӯз танҳо 56 дар сади ҳаққи истифодаи об пардохт шудаасту халос. Вақте мо маблағи хизматрасониро намегирем, маблағи истифодаи нерӯи барқ, андоз ва музди меҳнати кормандонро, ки маҳз аз ҳамин маблағҳо ҷудо мешаванд, пардохт карда наметавонем. Имрӯз қарзи хизмати обрасонӣ бо назардошти солҳои пешин зиёда аз 200 миллион сомониро ташкил медиҳад»,-афзуд Султон Раҳимов.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!