Латукуби рӯзноманигорон, як ташвиши дигаре барои мақомот буд, ки айни ҳол ҳамаи он зери назорат гирифта шудааст. Гурӯҳи алоҳида ҳам ташкил шудааст, ки барои тафтиш ва муайян кардани он равона карда шудааст.
Ин нуктаро Рамазон Раҳимов, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, зимни як нишасти хабарӣ иброз намуд. Номбурда қайд кард, ки дар самти мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташакил дар шашмоҳаи авали соли ҷорӣ аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ 5 гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ бо аъзогии 47 нафар муайян карда шудааст, ки дар содир намудани 71 ҷинояти вазнин даст доштанд. Давоми фаъолияти шашмоҳа аз ҷониби кормандони мақомот ҳамагӣ 635 нафар шахсони дар кофтукоб буда ва 311 шахсони беному нишон гумгашта муайян ва дастгир карда шудаанд.
Ҳамзамон, Рамазон Раҳимов гуфт: «Дар доираи ҳамкорӣ бо мақомоти дохилии Федератсияи Русия 2 амалиёти «Таҳвили назоратшаванда» гузаронида шуда аз муомилоти ғайриқонунӣ 10 килову 689 грамм маводи сахттаъсири героин мусодира карда шудааст.»
Мӯҳр