Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 00:43

Доктор Бандар Муҳаммад Ҷамил: Мо ҳамеша дар паҳлуи Тоҷикистон ҳастем

20 июл 2012, 10:45

Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар арафаи Моҳи Шарифи Рамазон ба мардуми камбизоати Тоҷикистон дар ҳаҷми 200 тонна маҳсулоти озуқавории ниёзи аввала кӯмак расонд.

Ин кӯмакҳо аз равған, шакар, орд, биринҷ ва хурмо иборат буда, ба қавли масъулини сафорати Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон, сифати хеле баланд доранд. Як қисми маҳсулоти озуқаворӣ ба қавли масъулини сафорати Арабистони Саудӣ ба ятимхонаҳои Тоҷикистон интиқол мешавад.
Доктор Бандар Муҳаммад Ҷамил, сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон зимни сӯҳбат ба хабаргузории Озодагон гуфт, подшоҳи Арабистони Саудӣ ба муносибати қудуми Моҳи Шарифи Рамазон ҳама сола ба мардуми тоҷик чунин кӯмакҳоро ирсол мекунад. Ба қавли номбурда, қабл аз расонидани кӯмакҳо бо масъулини тоҷик ҷиҳати ба кадом навъи маҳсулот ниёз доштани мардум машварат кардаанд: «Маҳсулоте, ки ба Тоҷикистон ҳамчун кӯмак ирсол шуд, онҳоро дар манзилҳои мардуми сарватманд ва миёнаҳол дидан мумкин аст. Дар худи Арабистони Саудӣ низ чунин маҳсулот дар хонаи камбизоатон ёфт намешавад. Тоҷикистон барои Арабистони Саудӣ мисли як бародари хӯрд аст ва бино ба ин, мо ҳамеша дар паҳлуи Тоҷикистон ҳастем».
Сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, дар оғоз робитаҳои иқтисодии ду ҷониб чандон нерӯманд набуд, то замоне, ки сафорати кишвараш дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд. Бандар Муҳаммад Ҷамил аз сатҳи феълии муносибатҳои иқтисодии Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ кард. Сафири Арабистон афзуд, дар ояндаи наздик дар назар аст,  як ҳайати баландпояи ҳукумати Тоҷикистон иборат аз мутахассисони соҳаи иқтисоду тиҷорат аз Арабистон дидан намоянд. Зимни ин сафар масъалаҳои иқтисодӣ баррасӣ хоҳад шуд. Доктор Бандар Муҳаммад Ҷамил иброз дошт, ки ин сафари қарибулвуқӯъ бо даъвати Арабистони Саудӣ роҳандозӣ шуда ва гоми устуворе дар рушди иқтисодии ин ду  кишвар хоҳад гашт.











Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!