Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 18:33

«Аждар» беш аз 100 ҷангии «Толибон»-ро маҳв кард

20 июл 2012, 11:48

Чанде қабл дар қисмати шарқии Афғонистон амалиёти вижае зери унвони «Аждар» анҷом ёфт.

Тибқи иттилои расида, амалиёт ду ҳафта идома карда, бар асари он ҳудуди 100 ҷангии «Толибон» кушта шудааст. Генерал-майор Муҳаммад Шариф Яфтали, фармондеҳи ҷузъу томи 203-и артиши миллии Афғонистон зимни нишасти матбуотие изҳор дошт, ки
амалиёт бо ширкати хидматчиёни давлати исломӣ ва нерӯҳои эътилоф гузаронда шуд.
Амалиётҳои ҷангӣ аслан дар маҳалҳои Андар, Қарабоғ ва Гируи музофоти Ғазна, ҳамчунин маҳалҳои Ҳушманд, Хиркот ва Юсуфхейли вилояти Пактика анҷом шудаанд. «Ҳудуди 100 ҷангӣ маҳв шуда, даҳо каси дигар захм бардошт. Ҳамчунин, дар ҷараёни баргузории амалиёт теъдоди азими силоҳу аслиҳа мусодира шуд»,-афзуд Муҳаммад Шариф Яфтали.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!