Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 00:15

«Ёрии таъҷилӣ» ҳоло ҳам беҳбудӣ мехоҳад

8 июн 2011, 07:47

Қоҳир Расулзода, райиси вилояти Суғд бо кормандони соҳаи тандурустии вилоят мулоқот намуд, ки дар он беш аз 700 нафар  иштирок доштанд.

Тавре ба «Озодагон» аз дафтари матбуотии ин минтақа иттилоъ доданд, ба ин нишаст     роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, ташкилотҳои вилоятӣ, хабарнигорони васоити ахбори омма даъват шуда буданд.  Расулзода аз ҷумла қайд кард, ки агар сол ба сол гирем, дар вилоят дар соли 2006 барои соҳаи тандурустӣ 22,5 млн., дар соли 2007 – 29,7 млн., дар соли 2008 – 44,8 млн., дар соли 2009  69,9 млн., дар 2010 сол – 91,5 млн. ва дар соли 2011  114,3 млн. сомонӣ маблағ ҷудо шудааст.Ҳаҷми афзоиши маблағгузорӣ дар панҷ соли охир 507,1 фоизро ташкил додааст , яъне  ба ҳисоби миёна ҳар сол беш аз 100 фоиз.

Зимнан, райиси вилоят гуфт, ин дар ҳолест, ки давоми 3 соли охир бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ ҳамаи паҳлуҳои ҳаёти ҷамъиятӣ  ва бахшҳои иқтисодиёту иҷтимоиётро фаро гирифтааст. Барои таъмини  рушди соҳаи тандурустӣ ва беҳтар намудани шароити табобат дар муассисаҳои тиббӣ солҳои охир сохтмони иншоотҳои муҳими соҳа, аз ҷумла бинои нави табобатии Маркази дилшиносии вилоят дорои 102 кат, шўъбаи бемориҳои хуни беморхонаи клиникии вилоятии бачагона, шўъбаи якуми  Маркази эндокринологии вилоят, хонаҳои саломатӣ дар ноҳияҳои Мастчоҳ ва Зафаробод, шўъбаҳои бачагон, таваллуд ва амрози занонаи  беморхонаи марказии ноҳияи Шаҳристон, бинои нав дар Маркази вилоятии солигардонии  дилу шараён ба итмом расонида шуд.Дар маҷмӯъ давоми 5 соли охир дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 15 шӯъбаҳои беморхона, 114 марказу хонаҳои саломатӣ бунёд ёфта, дар 192 муассисаҳои табобатию профилактикӣ таъмири кулл ва ҷорӣ гузаронида шуданд.  Расулзода афзуд, фаъолият дар самти таъминот бо доруворӣ ва сатҳи хизматрасонии мошини “ёрии таъҷилӣ” беҳбудӣ металабад.

Дар ҷараёни мулоқот ба Раиси вилоят 17 нафар намояндагони соҳа, аз ҷумла Саидшо Акрамов – табиб аз ноҳияи Мастчоҳ, Бахтиёр Аҳмедов – профессор, саратоншинос аз шаҳри Хуҷанд, Фазлиддин Шарифов – сардухтури беморхонаи клиникии вилоятӣ, Абдураззоқ Азизов – сардухтури беморхонаи марказии ноҳияи Айнӣ, Муҳаммадҷон Нозиров – табиби осебшинос аз ноҳияи Спитамен ва дигарон бо арзу дархост ва таклифу пешниҳодашон муроҷиат намуданд.Бо супориши раиси вилоят гурӯҳи омӯзишӣ таъсис ёфта, дар фурсати кӯтоҳ масоили баррасишуда мавриди омӯзиш ва таҳлил  қарор дода мешавад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!