Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 07:28

Дар Тоҷикистон рақобат миёни шабакаҳои телевизионӣ вуҷуд надорад

21 июл 2012, 06:01

Асадулло Раҳмонов, райиси Кумитаи ТВ ва радио мегӯяд, агар вуҷуд дошта бошад ҳам он шадид нест

Дар телевизион ҳар кас мехоҳад маводеро, иттилоотеро пештар пешкаши тамошобинон гардонад ва ҳар  кас аз роҳу усул ва услуби гуногуни эҷодӣ истифода мебараду ҳар коргардон хатти навишти худро дорад: «Вале дар бораи он рақобате, ки мо дар назар дорем ҳанӯз дар Тоҷикистон ҳарф задан барвақт аст».
Раҳмонов мӯътақид аст, ки агар дар ҳоли ҳозир ба монанди  «Ҷаҳоннамо» ду шабакаи иттилоотӣ медоштем, агар мисли «Сафина» ду шабакаи фарҳангӣ медоштем ва агар 5-6 шабакаи кӯдаконаи дигар медоштем, баъд байни инҳо рақобат мешуд.  
Раиси Кумитаи телевизион ва радио мегӯяд, дар сурати дар баробари ин шабакаҳо ташкил ёфтани шабакаҳои дигар тамошобин имкони интихоби худро меёбад. Ба қавли Раҳмонов ин 3-4 шабакаи сартосарие, ки аст ҳар кадомаш формат ва функтсияи худро доранд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!