Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 13:10

Душанбе: Беш аз 3 кило маводи нашъадор мусодира гардид

21 июл 2012, 06:09

Дар пайи амалиёти кормандони мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Сино-1 Пайрав Абдуллоеви 33- сола, сокини ноҳияи Восеъ, бо гумони ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор дастгир карда шуд.

Тавре ба Озодагон аз ВКД хабар доданд, зимни кофтуков аз борхалтаи ӯ 3 килою 66 грамм маводи нашъадори «бангдона» дарёфт ва мусодира карда шуд. Инчунин, шаҳрванд Насим Маҳмадрақибови 28-сола, сокини кӯчаи Ҳаёти Нав дастгир карда шуд, ки ҳангоми кофтукови хонаи истиқоматиаш 306 грамм маводи нашъадори «бангдона» дарёфт ва мусодира карда шуд. Гуфтанист, қаблан Маҳмадрақибов бо моддаи 244-и КҶ аз озодӣ маҳрум шуда буд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!