Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 17:00

58 ҳазор сомонӣ барои шикори «Марко Поло» дар Помир

23 июл 2012, 03:08

Имсол арзиши иҷозатнома барои шикори як гӯсфанди нодири Марко Поло дар Тоҷикистон 58 ҳазор сомониро ташкил дода, дар назар аст, ки аз соли оянда боз қимматтар шавад.

Соли гузашта ин нишондод ба 55 ҳазор ва пеш аз он ба 51 ҳазор сомонӣ баробар будаст.
Талбак Салимов, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон мегӯяд шумораи иҷозатномаҳоро ҳукумати кишвар муайян мекунад: «Имсол ҳам баробари соли гузашта 80 адад иҷозатнома ҷудо шудааст. Аз 80 адад квотаи ҷудо намудаи ҳукумат соли гузашта барои шикор 65 адад иҷозатнома гирифта шуд».
Салимов сабаби аз адади ҷудошуда кам гирифтани иҷозатномаҳоро ба манъи шикори Марко Поло рабт дод, ки тайи солҳои 2007-2008 дар Тоҷикистон ҷорӣ буд: «Тайи солҳои манъи шикори Марко Поло шикорчиёне, ки одатан ба Тоҷикистон меомаданд, тағйири хатсайр намуданд».
Дар мавриди будан, ё набудани шикори гӯсфанди Марко Поло дар Тоҷикистон раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, ки бошад : «Дар гӯсфандҳои Марко Поло асосан шохашон арзиш дорад. Ҳар қадар калон бошад арзишаш бештар аст. Одатан гӯсфандҳои шохҳои калондор пиранд, ақиб мемонанд ва маҳз онҳо мавриди шикор қарор мегиранд. Онҳо аллакай қобилияти наслмониашонро гум кардаанд».
Дар сурати манъи шикори гӯсфандҳои Марко Поло, Салимов мегӯяд,  дар пайи таъсири пирӣ ва вазни шохашон хоҳу нохоҳ фавтида,  беҳуда пӯсида хок мешаванд:
«Беҳтар аст, ки ба ивази маблағ, ки калон аст шикори онҳоро иҷозат диҳем. Маблағи 58 ҳазор сомонӣ танҳо барои иҷозатнома аст. Ин гӯсфандҳоро одамони камбағал шикор намекунанд. Ҳатман бо чанд кас ҳамроҳашон мебиёянд. Барои роҳнамоӣ интиқол ва дигар хизматрасониҳо боз маблағҳои алоҳида мепардозанд, ки ба фоидаи мардум ва иқтисодиёти кишвар аст».



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!