Дар ин бора ба рӯзноманигорон дар рафти нишасти матбуотӣ сардори Раёсати Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумхурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҳусейн Акилов иттилоъ дод.
Тибқи иттилои манбаъ, дар 6 моҳи аввали соли 2012 аз сӯи кормандони раёсати ин агентӣ дар минтақаи шимоли кишвар 238 адад ( соли 2011- 155) ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодии характери коррупсионӣ дошта ошкор ва ба қайд гирифта шудааст.
-Паравандаҳои ҷиноӣ вобаста ба ин ҷиноятҳо асосан бо моддаҳои азонихудкунӣ ва исрофкорӣ, қаллобӣ, ришвадиҳии тиҷоратӣ, гирифтан ва додани пора, сохтакории хизматӣ, сӯиистифода аз ваколати хизматӣ, баромадан аз ваколатҳои мансабӣ, гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷӯӣ ва сохибкории ғайриқонунии КҶ ҶТ оғоз гардидааст,- афзуд Х. Акилов.
Мӯҳр