Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 14:37

Ситоди генералӣ дар Бадахшон. Қатли генерал таҳқиқ мешавад

23 июл 2012, 06:34

Ҷиҳати таҳқиқи қазияи куштори генерал Абдулло Назаров дар Хоруғ ситоди вижаи генералӣ таъсис ёфт.

Дар ин бора Шерхон Салимзодаи Одина, додситони кулли Тоҷикистон дар ҳузури хабарнигорон иброз дошт. Ба гуфти ӯ, бо такя ба моддаҳои 104, 199 қисми 4 а,б  ва 328 қисми 2 парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишоти он идома дорад  
-Дар шаҳри Хоруғ бо сарварии муовини прокурори генералӣ – сарпрокурори ҳарбии Тоҷикистон Хайрулло Саидов ситоди генералӣ ташкил шудааст,-афзуд Салимзода.  
Гуфтанист, куштори генерал А. Назаров ба фаъолияти касбии ӯ марбут дониста шуда, бо мақсади рӯйпӯш намудани ҷиноят содир шудааст.
Ёдрас менамоем, Абдулло Назаров, сардори раёсати КДАМ дар ВАБК, рӯзи 21-уми июли соли равон тахминан соатҳои 17-у 30 дақиқа дар ду километрии шаҳри Хоруғ, дар наздикии рустои мавсум ба Ниводак ба қатл расид. Тибқи иттилои расмӣ генерал аснои  бозгашт аз сафари хизматӣ аз ноҳияи Ишкошим мавриди ҳамлаи гурӯҳи  муташаккили ҷиноӣ, ки ба қочоқи тамоку сарукор доштанд, қарор гирифтааст. Мақомот кушторро ба фаъолияти хизматии Абдулло Назаров рабт медиҳанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!