Дар бозорҳои пойтахт нархҳои барои моҳи Рамазон муайяннамудаи шаҳрдорӣ риоя намешаванд.
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе қарор ба тасвиб расонид, ки аз 19-уми июл то 20-уми август дар бозорҳои пойтахт гӯшти гов 29 сомонӣ, гӯшти говмеш -19 сомонӣ, гӯшти гусфанд- 30 сомонӣ, орди навъи якуми истеҳсоли қазоқӣ то 110 сомонӣ, картошка то 2 сомонӣ, бехпиёз то 1,1 сомонӣ, сабзӣ то 2,2 сомонӣ, тухм то 0,6 сомонӣ, як литр шир то 3 сомонӣ як килограм шакар то 5 сомонӣ, равғани растанӣ то 8 сомонӣ ва биринҷи истеҳсоли ватанӣ 7 сомонӣ фурӯхта шавад.
Масъулини шаҳрдорӣ мегӯянд, қарор оиди поён бурдани нархҳо ташаббуси худи соҳибкорон аст ва Убайдуллоев танҳо онро ҳамчун амали хайру эҳсонкорӣ дастгирӣ карда, қарори дахлдор баровардаст.
Ҳамзамон, Исмоил, як сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, дирӯз аз бозори «Деҳқон», ки арзонтарин бозори маҳсулоти хоҷагии қишлоқи пойтахт маҳсуб меёбад, як литр равған 10 сомонӣ, як кило картошка 3 сомонӣ як кило сабзӣ 4 сомонӣ харидаст, ки нисбати нархҳои муайяннамудаи шаҳрдорӣ то 50 фоиз қимматтар аст.
Ин дар ҳолест, ки раиси Душанбе дар моҳи Рамазон истеҳсолкунандагон ва воридкунандагоне, ки маҳсулоти ниёзи аввали мардумро бе миёнаравҳо дар бозорҳои давлатии Шоҳмансур, Саховат, Деҳқон ва Қарияи боло бо нархҳои муайянкардааш мефурӯшанд, аз пардохти ҳаққи ҳама намуди хизматрасониҳо дар бозор озод кардаст. Вай аз роҳбарони бозорҳои хусусии дар қаламрави Душанбе фаъолияткунанда хоҳиш кардаст, ки амали мазкурро ҷонибдорӣ намоянд.
Мӯҳр