Бо ин сабаб, ки Нур Нуров ҳамчун судя ҳуқуқи дахлнопазирӣ дошт, тафтишот наметавонист ӯро боздошт кунад.
Акнун, ин ҳуқуқи вай аз ҷониби Маҷлиси миллӣ бекор карда шуд. Дар кадом лаҳзае, ки тафтишот лозим медонад, ӯро дастгир ва ҳабс мекунад.
Дар ин бора Ҳабибулло Воҳидов, муовини прокурори генералӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод. Номбурда афзуд, ки нисбат ба Нур Нуров, додраси Додгоҳи Олӣ, бо пешниҳоди додситони кулли Тоҷикистон аз ҷониби палатаи поёнии парлумони кишвар барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ва ба ҳабс гирифтан иҷозат дода шудааст.
«Пешниҳоди додситонии кулл беасос нест. Ин иҷозат вобаста ба парвандаи ҷиноятии Низомхон Ҷураев буда, феълан мавриди тафтиш қарор дорад»,-афзуд ҷаноби Воҳидов.
Мӯҳр