Тайи моҳҳои январ-июни соли равон гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон 2429,1 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,7 фоиз ё 213,9 миллион доллар зиёд мебошад.
Ин нуктаро зимни нишасти матбуотии Кумитаи омор Бахтия Муҳаммадиева, директори ин ниҳод иброз дошт.
Номбурда гуфт, Тоҷикистон бо 89 кишвар, аз ҷумла 10 мамолики ИДМ ва 79 давлати хориҷи дур муносибати савдои хориҷӣ дорад. «Дар гардиши савдои хориҷӣ ба ҳиссаи кишварҳои ИДМ 43,1% ё 1045,8 миллион доллар ва ба ҳиссаи мамлакатҳои хориҷи дур 56,9% ё 1383,3 миллион доллар рост меояд»,-илова кард мавсуф.
Дар нишасти матбуотӣ ҳамчунин қайд гардид, ки давоми моҳҳои январ-июни соли 2012 содироти мол 669,6 миллион долларро ташкил кард, ки нисбат ба моҳҳои январ-июни соли 2011, 2,5 фоиз ё 16,8 миллион доллар кам аст. Воридоти мол ба ҷумҳурӣ 1759,6 миллон долларро ташкил кардааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 15,1 фоиз ё 230,7 миллион доллар зиёд мебошад.
Мӯҳр