Мирзосафар Гулмаҳмадов 56- сола, сокини деҳаи Сармайдони ноҳияи Мӯъминобод маҳз бо ин иттиҳом дастгир гардидааст.
Тавре ба хабаргузории Озодагон аз ВКД иттилоъ доданд, раиси кумитаи заминсозии ноҳияи Мӯъминобод бо иттиҳоми даст доштан дар фасод аз сӯи кормандони мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Мӯъминобод дастгир шудааст: « Ӯ дар давоми фаъолияти кориаш дидаю дониста, ки замин монополияи давлат мебошад, аз Зафари Маҳмадлатиф 21- сола, сокини деҳаи Сармайдон, ба маблағи 2000 доллари амрикоӣ барои 2-га қитъаи замине, ки аз соли 1995 то инҷониб мавриди истифода ва бунёди боғ қарор дорад, тамаъҷӯӣ карда гирифтааст».
Феълан, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр