Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 26 май 2017, 18:06

Боздошти як гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ дар пойтахти кишвар

24 июл 2012, 12:21

Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар  фаъолияти як гурӯҳи ҷиноятпешаи нашъаҷаллобро, ки бо истифода аз нақлиёти ҳавоӣ ба қочоқи маводи мухаддир ба Русия машғул буданд, ошкор намуданд.

 

Тавре ба Озодагон аз агентии мазкур хабар доданд, дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе кормандони Агентӣ дар вақти бақайдгирии чиптаҳои хатсайри Душанбе – Екатеринбург бо гумонбарӣ дар интиқоли қочоқи маводи мухаддир бо усули дохили меъдагӣ шаҳрванди 33-солаи пойтахтро дастгир намуданд. Гумонбаршуда ба Агентӣ оварда шуд ва аз меъдаи вай бо роҳи табиӣ 66 дона ғилофак бо маводи нашъадори навъи афюн гирифта шуд. Дар рафти тафтиши пешакӣ муайян карда шуд, ки дастгиршуда яке аз иштирокчиёни аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноятпешаи нашъаҷаллоб мебошад.

Дар пайи ташкил ва гузаронидани чораҳои иловагӣ ба кормандони Агентӣ муяссар гардид, 2 нафар ташкилкунандагони ин ҷиноятро, ки вайро  пайваста бо маводи нашъадор  таъмин мекарданд, муайян ва дастгир намоянд.

Ҳамин тариқ, кормандони Агентӣ тавонистанд боз як гурӯҳи муташаккили ҷиноятпешаро муайян ва дастгир намоянд, ки мехостанд маводи нашъадорро аз кишвари мо ба Русия интиқол диҳанд.

Аз рӯи ҳодисаи мазкур шӯъбаи тафтишотии Агентӣ бо моддаҳои 200 қисми 3 (муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар ва ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади фурӯш) ва 289 қисми 2 (қочоқ) Кодекси ҷинояти  Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, тафтишот идома дорад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Май 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!