Бахшҳо

Аз сафорати ҶТ ба назди бадахшониҳои шаҳри Маскав касе набаромад

Бадахшониҳои муқими Маскав ҳудуди 150-200 нафар дар назди бинои сафорати Тоҷикистон даст ба тазоҳурот заданд.

Тавре хабарнигори масковии “Озодагон” аз ҷойи ҳодиса иттилоъ медиҳад, мардум алайҳи вуруди неруҳои низомии ҳукумати марказӣ ба хоки вилоят дар пайи куштори генерал Абдулло Назаров тазоҳур карданд. Тазоҳургарон аз мақомот талаб доранд фавран таҳоҷум болои Хоруғро қатъ намоянд.Аз он ки ин таҷаммӯъ бидуни иҷоза сурат гирифтааст, пулиси Маскав зуд барои пароканда кардни он ҳозир шуда, бо эҳтиром аз ҳозирин тақозои тарки назди бинои сафоратро кард.

Хабарнигори Озодагон илова кард, ки аммо касе аз масъулини сафорат бо мардум гуфтугӯ накард. Ҳамчунин навбатдори сафорат худро муаррифӣ кардан нахост ва аз ташреҳи ин қазия худдорӣ намуда, хоҳиши дертар занг заданро кард ва гӯширо осемасар партофт.

Тазоҳургарон бо ин вуҷуд, ки оромона талаботи пулисро итоат карданд, тасмим гирифтанд, ки бо иҷозаи расмӣ дар фурсати наздиктарин тазоҳуроти тозаеро роҳандозӣ хоҳанд кард.

Яке аз ширкаткунандагони ин таҷаммӯъ ки худро Шоҳқадам муаррифӣ кард, ба хабарнигори “Озодагон” гуфт, мо аллакай як бор заҳри чунин гунаҳкоркуниро чашидем. Дар ҷанги гражданӣ ҳама помириҳоро гунаҳкор мекунанд, ки барои мо ҳамин бас аст. Мо намехоҳем, ки бори дигар моро гунаҳкор кунанд. Ин кори худи марказ аст, мехоҳад моро боз сиёҳ кунад. Ин правокатсия аст”.

Тазоҳуроти орому осоишта бошад ба оҳистагӣ пароканда шуд.

 

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)