Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 14:57

42 кушта ва 40 боздоштшуда . Дар амалиёти махсуси Хоруғ

25 июл 2012, 03:30

Дар натиҷаи амалиёти  махсуси мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ  40 нафар, аз ҷумла 8 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дастгир гардида, 30 тани дигар бар асари муқовимати шадиди мусаллаҳона нобуд карда шуд.

Дар ин бора шоми рӯзи гузашта ( 24-уми июл) шабакаҳои давлатии телевизиони Тоҷикистон иттилоъ пахш карданд. Бино ба иттилоъи маркази матбуотии ВКД ва КДАМ дар ин  амалиёт ҳамчунин 12 хизматчии ҳарбӣ кушта ва 23 нафар захмӣ шудаанд. Гуфта мешавад, аз афроди мусаллаҳ ҳудуди 100 мил аслиҳа мусодира шудааст. Маврид ба тазаккур аст, ки ин амалиёт ба манзури боздошти афроди муттаҳам дар қатли Абдулло Назаров, сардори раёсати КДАМ дар вилояти Мухтори Бадахшон аз субҳи 24-уми июл оғоз гардид. Генерал  Назаров аснои бозгашт аз сафари хидматӣ аз ноҳияи Ишкошим дар наздикии шаҳри Хоруғ кушта шуд.
Дар ҳамин ҳол, бархе аз расонаҳо бо шумули хабаргузорӣ ва ВАО-и Русия иттилоъ пахш карданд, ки дар ҷараёни ин амалиёт беш аз дусад нафар, аз ҷумла теъдоди қобили мулоҳизае аз ғайринизомиён кушта ва захмӣ шудаанд. Аммо мақомоти расмӣ ин оморро тайид накардаанд.Аз субҳи рӯзи сешанбе ҳама гуна иртибот, аз ҷумла иртиботи телефонӣ ва интернетӣ бо  Бадахшон қатъ шудааст.  
Ҳамзамон, расонаҳои хориҷӣ дар мавриди қатли писари Толиб Аёмбеков ва Ёдгор Шоҳмусаламмов, яке дигар аз қумандонҳои собиқи оппозитсиюн хабар доданд. Ба навиштаи ин расонаҳо, Толиб Аёмбеков, сардори собиқи посгоҳи марзии Ишкошим, ки дар куштори генерал Назаров муҷрим дониста мешавад, ба Афғонистон фирор кардааст.
Аз идора: Бино ба сабаби қатъ шудани иртиботи телефонӣ ва интернетӣ хабаргузорӣ имкони пайгирии сареҳ ва тайиди далелҳоро то ҷои зарурӣ надорад. Аммо бо даст додани камтарин имконот, аз ҷумла иртиботи кайҳонӣ (спутникӣ) тозатарин ахборро аз маҳалли ҳодиса ба нашр мерасонем.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • афсари МОРТ

  • 10 сентябр 2014 11:23
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дуругнависиро анчом дихед.20-нафар кушта шуданд,2-нафар хабс шуданд аз тарафи Бадахшон. 321-нафар аз тарафи хукумат дар мачмуъ кушта шуданд

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!